васса — [وسه] чӯбҳои борику кӯтоҳе, ки байни болорҳои сақфи хона кӯндаланг чида мешаванд ◊ васса шумурдан а) хомӯш истодан; б) бекор будан, бо коре машғул набудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қатъӣ — [قطعي] а. яқин, аниқ; ҳатмӣ: қавли мо қатъист, иҷрои ин қонун қатъист; ба сурати қатъӣ а) ниг. ба таври қатъӣ; б) тамоман, ба куллӣ; қотеона; ба таври қатъӣ // ба тарзи қатъӣ ба таври аниқ, яқинан; ваъдаи қатъӣ ваъдаи иҷрояш ҳатмӣ, қавли сахт;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қутрӣ — [قطري] мансуб ба қутр; арзӣ, кӯндаланг … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
масъала — [مسئله] а 1. қазийя ва матлабе, ки омӯхтан ва ҳал карданро талаб мекунад, мавзӯи ҳалталаб, мушкила 2. мавзӯе, ки мавриди баҳсу музокира аст, мабҳас; матлаб; гап: масъалаи муҳим, масъалаи мушкил; масъаларо муҳокима кардан, ба умқи масъала расидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пажованд — [پژاوند] кҳн. чӯбе, ки дар паси дар барои маҳкам кардани он кӯндаланг аз ҳалқа гузаронида мешавад; ғалақа … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ